Skip to content
   
 
Паёми таслияти Оятуллоҳ Хоманаӣ дар пайи даргузашти Аллома Фазлуллоҳ

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари раҳбари Эрон, Оятуллоҳ Хоманаӣ зимни таслияти даргузашти ин олими вораста ба байти шарифи эшон, гуфт: “Муқовимати исломии Лубнон, ки дорои ҳаққи азиме бар уммати исломӣ аст, дар ҳамаи умри бобаракати худ, машмули ҳимоят ва ҳамкорӣ ва кӯмаки ин руҳонии муҷоҳид буд”.

Матни комили паёми ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Реҳлати олими муҷоҳид Оятуллоҳ Оқои Ҳоҷ Сайид Муҳаммадҳусайни Фазлуллоҳ (раҳматулоҳи алайҳи)-ро ба байти шарифи Фазлуллоҳ ва ҳамаи иродатмандон ва дӯстдорони он марҳум дар Лубнон ва ҷавомеи лубнонитабор дар Африқо ва Амрикои Лотин, ва ба умуми мусалмонони Лубнон таслият мегӯям. Ин олими бузургвор ва сахткӯш дар арсаи дину сиёсат, шахсияте асаргузор буд ва Лубнон то солҳои тӯлонӣ, хадамот ва баракоти ӯро аз ёд нахоҳад бурд.

Муқовимати исломии Лубнон, ки дорои ҳаққи азиме бар уммати исломӣ аст, дар ҳамаи умри бобаракати худ, машмули ҳимоят ва ҳамкорӣ ва кӯмаки ин руҳонии муҷоҳид буд. Эшон ҳамчунин барои Ҷумҳурии Исломӣ ёваре боихлос ва самимӣ ба шумор мерафт ва дар ҳамаи даврони сӣ сола ҳамвора дар забон ва амал, вафодории худро ба инқилоби исломӣ ва низоми Ҷумҳурии Исломӣ ба исбот расонид.

Аз Худованди Мутаол масъалат мекунем, ки раҳмат ва мағфирати худро бар руҳи ин Сайииди шариф ва азиз низил фармояд ва ӯро бо аҷдоди тоҳиринаш маҳшур намояд.

Сайид Алии Хоманаӣ

14 тири соли 1389 шамсӣ

Баййинот

Назарҳо (0)Add Comment

Навиштани назар

busy
 

Охарин матолиб

Паёми табрикии Саййид Алии Фазлуллоҳ ба  Саъд Катотнӣ

Паёми табрикии Саййид Алии Фазлуллоҳ ба Саъд Катотнӣ

Саййид Алии Фазлуллоҳ ба хотири интихоби Саъд Катотнӣ ба... 26 January 2012 Read more...
Хутбаи ҷумъа (12/1/2012)

Хутбаи ҷумъа (12/1/2012)

Матолиби муҳимми хутба: Ташвиқ ба зиёрати Имом Ҳусайн (а)... 26 January 2012 Read more...
Сарфаслҳое аз зиндагии ҳазрати Заҳро (а) ва Мусҳафи Заҳро (а)

Сарфаслҳое аз зиндагии ҳазрати Заҳро (а) ва Мусҳафи Заҳро (а)

Вақте зиндагии Заҳро (а)-ро баррасӣ мекунем, ба ин нукта... 20 January 2012 Read more...
Ҳазрати Заҳро (а) усваи мо

Ҳазрати Заҳро (а) усваи мо

Чаро ба улгу ниёзмандем? Дар оғоз бояд ба ин нукта бипардозем,... 19 January 2012 Read more...
Хутбаи ҷумъаи(05/01/2012)

Хутбаи ҷумъаи(05/01/2012)

Матолиби муҳимми хутба: Дини тавозун ва эътидол / Исроф,... 17 January 2012 Read more...
Хирадпарварӣ дар партавӣ имон ва чолишҳои замона

Хирадпарварӣ дар партавӣ имон ва чолишҳои замона

Суханронии Алломаи Марҷаъ, Оятуллоҳи Узмо Сайид Муҳаммадҳусайни... 15 January 2012 Read more...
Шаҳри Карбало

Шаҳри Карбало

Муаррифи: Шаҳри муқаддаси Карбало дар 105 километрии ҷануби... 12 January 2012 Read more...
Хутбаи ҷумъаи(30/12/2011)

Хутбаи ҷумъаи(30/12/2011)

Матолиби муҳимми хутба: Шикофандаи улум / Таъсиси донишгоҳи... 11 January 2012 Read more...
Баёнияи Аллома Сайид Алӣ Фазлуллоҳ дар маҳкумияти инфиҷорҳои Ироқ

Баёнияи Аллома Сайид Алӣ Фазлуллоҳ дар маҳкумияти инфиҷорҳои Ироқ

Ҳуҷҷатул-ислом вал-муслимин Аллома Сайид Алӣ Фазлуллоҳ... 08 January 2012 Read more...
Joomla Templates and Joomla Extensions by ZooTemplate.Com